Шурӯъ аз 1 май дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ маҳдудияти мавсимӣ ҷорӣ мешавад

Шурӯъ аз пагоҳ, 1 май то 31 август дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз соати 10:00 то 20:00 ҷорӣ мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар робита ба ин дар Филиали Ширкати мазкур санади дахлдор –«Дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати онҳо дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ барои соли 2022» ба тасвиб расид, ки ҳадафи он татбиқи бечунучарои шартномаи консессионии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД», инчунин, пешгирии вайроншавии бармаҳали роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ маҳсуб мешавад.

Ин маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст.

Дар ин замина, намояндагиҳои Филиали Ширкат дар минтақаҳои Варзоб, Зарафшон ва Суғд мувофиқи тартиби муқарраргардида ҷобаҷогузории аломатҳои дахлдори роҳро вобаста ба маҳдудиятҳои муқарраршуда, таъмин менамоянд.

Раёсати бехатарии филиали Ширкат ва шуъбаҳои бехатарӣ дар минтақаҳо вазифадор шудаанд, ки ҳамкориро бо кормандони БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорати ҳаракати воситаҳои нақлиёт, бо дарназардошти маҳдудияти муқарраршуда дар нуқтаҳои вазнченкунӣ ва плазаҳои толлингӣ ба роҳ монда, ҷиҳати пешгирии тамбашавии ҳаракати воситаҳои нақлиёт чораҳои дахлдор андешанд.

Мавриди зикр аст, ки тибқи зарурат бо супориш ва дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, давомнокии маҳдудияти мавсимӣ тағйир дода мешавад. Ин омил, яъне тағйир додани реҷа ҳангоми аз 25 дараҷа паст гардидани ҳарорати рӯзонаи ҳаво низ пешбинӣ шудааст.

Бо дарназардошти муҳимият, талаботи зикршуда ба воситаҳои нақлиёте, ки ба интиқоли чорво машғуланд ва автомобилҳои барои интиқоли борҳои тезвайроншаванда махсусгардонидашуда, ки ду тири меҳвари ягона дошта, вазни умумиашон на зиёда аз 10 тонна аст (категорияи 2 бе ядак), татбиқ намешавад.

Ба ибораи дигар, чунин намуди автомобилҳои боркаш дар мавсими ҷорӣ шудани маҳдудият метавонанд дар вақти дилхоҳ ҳаракат намоянд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE