КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ НИЗ НАҚШАИ ДАЪВАТРО ПУРРА ИҶРО КАРД

Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ҳолати 30-апрели соли 2022 нақшаи даъвати баҳориро пурра ба анҷом расонид. Тибқи маълумоти масъулини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ нақшаи даъвати ҷавонони ба хизмати ҳарбӣ 36 нафар буда, ин нақша дар рӯзи 30-апрел пурра ба анҷом расонида шуд. Мавриди зикр аст, ки дар миёни 18-шаҳру навоҳии вилояти Суғд ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сеюмин шуда нақшаи даъватро пурра иҷро кард. Дар иҷрои нақшаи даъват ва рафтан ба хизмати ҳарбӣ ҷавонони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бисёр масъулиятшинос ва ҳисси баланди ватандӯстӣ доранд. Зеро, дар гузашта ба хусус солҳои 2017 то 2019 ноҳия дар миқёси вилоят аз аввалинҳо шуда, нақшаи даъватро ба иҷро расонида буд. Умедаст ҷавонони боғайрат ва меҳандустӣ Кӯҳистонӣ дар оянда низ дар ин маърака пешсафиро касб хоҳанд кард.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE