111 хатмкунандаи Донишгоҳи миллӣ бо хоҳиши худ ба сафаи Қувваҳои Мусаллаҳ равона шуданд

Масъулони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯянд, имрӯз 30-юми апрели соли 2022 аз ҳисоби хатмкунандаҳт факултаи ҳуқуқшиносии донишгоҳ 111 нафарро дар як маросими хос барои хидмат ба артиш сафарбар кардаанд.
Ба иддаои масъулони донишгоҳ ин хатмкунандаҳо бо хоҳиши худ, довталабона ба артиш мераванд.
Дар маросими ба артиш сафарбар кардани ин донишҷӯён бархе раҳбарони мақомоти давлатӣ ва масъулони ҲХДТ ширкат кардаанд.
Дар Тоҷикистон бар асоси як мактуби роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент, Вазорати маориф ва илм иҷоза додааст, ки хатмкунандҳое, ки ба артиш мераванд қабл аз муҳлат имтиҳоноти хатмро бисупоранд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE