iamdifferent – бренди рақобатпазири иқтисоди миллӣ
Рушди босуботи иқтисоди миллӣ дар ҳама давру замон барои пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа нақши бориз дорад. Заминаҳои асосии устувор боқӣ мондани ин шохаи давлатдорӣ маҳз дар асоси ба роҳ мондани имкониятҳои ҷадид дар ин самт ба миён меояд. Имрӯзҳо бо пешрафти илму технология вусъат бахшидани низоми иқдисоди миллӣ бевосита аз фаъолияти ширкатҳое алоқаманд аст, ки дар ин ҷода саҳмгузор ҳастанд. Намунаи фарохи онро мо дар фаъолияти имрӯзи бренди миллии тарроҳии либос дар Тоҷикистон “iamdifferent” мушоҳида карда метавонем.
Фаъолияти пурсамари “iamdifferent”, ки 12-сол аст дар бозори иқтисод рақобатпазир мебошад, миёни алоқамандони либос ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Аслан тафовут миёни “iamdifferent” ва дигар ширкату брендҳое, ки бозори иқтисоди миллӣ ва хориҷиро ба гардиш медароранд он аст, ки “iamdifferent” бо намои зоҳирӣ ва тарзи омода кардааш бештар миёни ҷавонон маҳбубият касб намудааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки тарзи омода ва пешниҳоди бренди мазкур намои муосирро дорад ва маҳз ин зарфият дар баробари мардуми маҳаллӣ таваҷҷӯҳи хориҷиёнро бештар менамояд.
Ҳамкориҳои густурдаи “iamdifferent” имрӯзҳо бо корхонаҳои нассоҷии маъруфу машҳури Туркия, Ӯзбекистон ва Чин назаррас аст. Ногуфта намонад, ки самти дигари фаъолият ва муарифии бренди “iamdifferent” имрӯз дар Тоҷикистон ба варзиш равона карда шудааст. Чун шарики боэътимоди Федератсияи футболи Тоҷикистон ва таъмингари навъҳои гуногуни либос ва лавозимоти варзишӣ барои дастаи мунтахаби олимпии кишвар мебошад.
Яке аз хусусиятҳои рақобатноки “iamdifferent” бо дигар брендҳо он аст, ки ҳамаи маҳсулоташ бо истифода аз технологияҳои муосир истеҳсол карда мешаванд, ки ин ба талаботи рӯзафзуни ҷомеа заминагузор хоҳад буд. Фаъолияти имрӯзи “iamdifferent” бо мақсади қонеъ намудани талаботи имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҳсулоти истеҳсолнамуда ва содирот намудани он ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мебошад. Раванди мазкур дар муаррифӣ ва рақобатпазир будани маҳсулот миёни дигар бренду ширкатҳо имкониятҳои фарохро ба миён меорад.
Шодонҷон Султонов
“Садои Душанбе”