120 нафар донишҷӯёни Хатлон ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон пайвастанд
То ба имрӯз беш аз 120 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав пас аз супоридани имтиҳони давлатӣ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.
Дар маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон устодони донишгоҳ, намондагони дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят иштирок намуданд.
Ҳоло 35 нафар хатмкунандагони факултети сиёсат ва идораи давлатии ин донишгоҳ ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардида, хатмкунандагони 12 факултети дигари донишгоҳ омодаи хизмати содиқона ба Ватан мебошанд.
Зикр гардид, ки ихтиёран ба хизмат ҳозир шудани ҷавонони ғаюру ватандӯст бозгӯи он аст, ки анъанаҳои неки аҷдодӣ, қаҳрамонию ҷоннисориҳои падарону бобоён дар роҳи ҳифзи хоки Ватан, таъмини сулҳу субот ва истиқлоли давлатӣ аз ҷониби ин ворисони арзанда идома меёбад.
Падару модарони наваскарон аз ин иқдоми пешгирифтаи фарзандонашон рӯҳбаланд гашта, зикр намуданд, ки бо чунин фарзандон ифтихор мекунанд.
Сафи хоҳишмандони хизмат ба Ватан рӯз то рӯз бештар гардида, дар назар аст, ки рӯзҳои наздик гурӯҳи дигари донишҷӯён ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардад.