Дар Душанбе бахшида ба рӯзи ҷавонон дави миллӣ баргузор мегардад
Ба таваҷҷуҳи ҳаводорон, дӯстдорон ва мухлисони Дави миллӣ расонида мешавад, ки 15 майи соли 2022, соати 08:00 дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дави миллӣ баргузор мешавад.
Мусобиқаи Дави миллӣ тавассути кӯчаҳои Карамов-хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе сурат мегирад. Ба ин муносибат аз тамоми кормандони вазорату идораҳо, муассисаҳои олӣ ва таҳсилоти миёнаи касбии пойтахт даъват карда мешавад, ки дар ин мусобиқаи сатҳи баланди варзишӣ иштироки фаъолона намоянд.
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва дигар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар тамоми ҷумҳурӣ баргузор мегарданд.