Ҷаласаи шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе оғоз ёфт

Чанд лаҳза пеш дар Бустонсарои ҳукуматӣ воқеъ дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ оғоз гардид. Тавре ҳамкорамон Шодонҷон Султонов аз макони баргузории он иттилоъ медиҳад, ҷаласаро вазирон бо акси хотиравӣ шурӯъ намуданд. Пас аз акси хотиравӣ иштирокчиён ба толори баргузории он ба ҳам омаданд. Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷии кишвар иштирокчиёнро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта суханро ба вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мухтар Тлеуберди дод. Хотирасон мешавем, ки иштирокчиёни ин нишаст масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавии кишварҳои узви Иттиҳодро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Ҷаласа ҳамакнун пушти дарҳои баста ҷараёни дорад. Ва дар назар аст, ки то нисфирӯзӣ сурат гирад. Аз натиҷаи ин нишаст ва масъалаҳои баррасигардидаи он иттилои тоза пешниҳод хоҳем кард.

Шодонҷон Султонов
Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE