Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ

20 май вохӯрии роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушовири минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ Александр Водяной баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқот вобаста ба масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар  самти мубориза бо пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм муколамаи судманд анҷом дода шуда, ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳои минбаъда дар ин самт омодагии худро баён карданд.

Таъкид гардид, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди бемайлони робитаҳо бо UNODC дар Осиёи Марказӣ аҳамияти хоса дода, дар ҳамбастагӣ як қатор чорабиниҳои мақсаднокро роҳандозӣ намудааст.

Изҳори умед карда шуд, ки вохӯрии доиргардида барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкории дуҷониба заминаи мусоидро фароҳам меорад.

Бояд тазаккур дод, ки мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз самтҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ба ҳисоб меравад. Аз соли 1993 бо оғози фаъолияти Намояндагии минтақавии UNODC бо қароргоҳ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон, ҳамкории Тоҷикистон бо СММ дар соҳаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ шурӯъ шуд.

Созмони мазкур дар масъалаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории байналмилалӣ дар ҷаҳон пешсаф буда, дар тамоми манотиқи олам тавассути шабакаҳои васеи дафтарҳои саҳроӣ фаъолиятро ба роҳ мондааст.

UNODC дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон барномаву тарҳҳои худро роҳандозӣ менамояд, ки ҳамаи онҳо ба пешгирӣ ва мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психоактивии нав, прекурсорҳои онҳо, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, терроризму ифротгароӣ ва қочоқи одамон, табобати нашъамандон, таъмини шароити мусоид барои маҳбусон дар муассисаҳои ислоҳӣ, назорати ҳамлу нақли контейнерҳо, ҳифзи сарҳадот ва таҳкими зарфияти кормандони сохторҳои зиддимухаддиротии Тоҷикистон ва расонидани кумаки техникӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ равона шудаанд.

Созмони мазкур дар Тоҷикистон як қатор барномаву лоиҳаҳоро, аз қабили лоиҳаи “Таҳкими назорати хатти сарҳади Тоҷикистону Афғонистон”, лоиҳаи “Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – марҳилаи II”, Барномаи минтақавӣ барои Осиёи Марказӣ (солҳои 2015-2019, 2022-2025), Барномаи минтақавӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя, Барномаи ҷаҳонии UNODC ва Созмони ҷаҳонии гумрук оид ба назорати ҳамлу нақли контейнерҳо ва ғайраро амалӣ менамояд.

Намояндагони кишвар дар ҳама чорабиниҳои ин созмон, аз ҷумла вохӯриҳои гурӯҳҳои корӣ, семинару тренингҳо ва амалиётҳо пайваста фаъолона иштирок менамоянд. Яке аз чорабиниҳое, ки ҳамасола Вазорати корҳои хориҷӣ муштаракан бо Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва UNODC баргузор менамояд, муаррифии Шарҳи вазъи маводи мухаддир тайи ҳар соли сипаришуда мебошад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE