Форуми байналмиллали дар мавзуи ‘Кишоварзӣ дар замони талафоти пиряхҳо”
Дар доираи баргузории Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенси”-и шаҳри Душанбе Форуми байналмиллали дар мавзуи ‘Кишоварзӣ дар замони талафоти пиряхҳо. Мубориза бо хушксолӣ, обхезӣ васеквестрияи карбон ва устуворӣ дар минтақаҳои вобаста ба пиряхҳо” оғоз гардид.
Иштирокчиёни ҳамоиш зимни изҳори назари худ қайд карданд, ки имрӯз тағирёбии иқлим сабаби бисёр офатҳои табии мегарданду мубориза бо онҳо хушдор барои инсоният аст.
Ҳамоишро Агаси Аратюнян Намояндаи ФАО дар ҶТ ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни ҳамоишро бо оғози чорабинии муҳим Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо табрику таҳният намуда, нақши онро дар ҳалли проблемаҳои глобалии ҷахонӣ дар самти захираҳои обӣ назаррас арзёби намуд.
Нигинаи Давронзод
Садои Душанбе