Дар вилояти Хатлон Форуми байналмилалии содиротии «Бохтар Фуд — 2022» доир мешавад
25 май аз ҷониби Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии содиротии «Бохтар Фуд — 2022» ташкил карда мешавад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии мазкур.
Форуми байналмилалии содиротии «Бохтар Фуд — 2022» дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади амалисозии Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 баргузор мешавад.
Ҳадаф аз гузаронидани форум- рушди содирот, тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ тавассути муаррифии имконоти содиротии кишвар мебошад.