Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни бунёдкориҳо ба вилояти Хатлон сафари корӣ намуд

6 сентябр Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо сафари корӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи якчанд иншооти ҷашнӣ иштирок ва аз ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дидан намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар ин сафар Сарвазири мамлакатро Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳамроҳӣ намуд.

Дар оғози сафар Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Темурмалик бинои муассисаи таълимии №18-ро бо 14 синфхона барои 480 нафар хонанда дар ду баст ифтитоҳ намуданд. Бунёди ин таълимгоҳ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, барои сохтмонаш 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки барои дар сатҳи баланд роҳандозӣ намудани таълиму тарбия аз ҳисоби буҷаи ноҳия 26 воҳиди корӣ ҷудо карда шудааст, ки аз ин 7 воҳиди корӣ барои кормандони техникӣ, боқимонда барои омӯзгорони фаннӣ ва маъмурият мебошад.

Сарвазири мамлакат ва Раиси вилоят ифтитоҳи ин муассисаи таълимиро туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуда, ба устодону шогирдони ин боргоҳи маърифат дар кори омӯзишу парвариш комёбӣ таманно карданд.

Дар идомаи сафар Сарвазири мамлакат ва Раиси вилояти Хатлон дар деҳаи Танобчӣ дар расми ифтитоҳи бинои муассисаи таълимии томактабӣ барои 80 нафар кӯдак ширкат варзиданд.

Бинои кӯдакистон аз 3 ошёна иборат буда, дорои 23 ҳуҷра барои хобу фароғат, бозии кӯдакон, машғулиятгузаронӣ ва корӣ мебошад. Ба Сарвазири мамлакат маълумот доданд, ки муассиса 72 нафар кӯдаконро ба тарбия фаро гирифта, 10 нафар маъмурону мураббияҳо ва дигар кормандон бо кори доимии музднок таъмин мешаванд.

Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода ба соҳибкори ватандӯсту саховатпеша Бахтиёр Абдуллоев, ки бо маблағи 2 миллиону 300 ҳазор сомонӣ кӯдакистонро бунёд ва ҳамчун арғумон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба хурдсолон тақдим кардааст, миннатдорӣ баён намуданд.

Ҳамчунин дар ин деҳа бунгоҳи тиббии дорои 6 утоқи корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Зикр гардид, ки дар бунёди бунгоҳи тиббӣ соҳибкори ватанӣ Раҳмоналӣ Олимов иқдом нишон дода, онро бо сарфи 850 ҳазор сомонӣ бо тарҳи наву замонавӣ сохтааст.

Дар идомаи сафари корӣ Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Восеъ бо ҷараёни татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва навсозии роҳи мошингарди Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт, марҳилаи 1 ва 2 шинос гардид. Ҳадафи лоиҳа ба стандартҳои ҷаҳонӣ расонидани ҳолати қитъаи роҳи байналхалқӣ, таъмин намудани зудҳаракатӣ ва таъмини ҷойҳои нави корӣ дар давраи татбиқи лоиҳа арзёбӣ мешавад.

Сарвазири мамлакат ба ширкатҳои масъули татбиқи лоиҳа ҷиҳати истифодаи пурсамари захираҳо ва бо сифати баланду дар муҳлати муайяншуда ба иҷро расонидани он дастур дод.

Ҳамчунин дар ноҳияи Восеъ майдончаи варзишии замонавӣ мавриди истифодаи умум қарор дода шуд. Майдончаи варзишии замонавӣ, воқеъ дар деҳаи Арали Ҷамоати деҳоти ба номи М.Маҳмадалиев бо усули муосири меъморӣ бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Сайалӣ Мирзоалиев бо маблағи 400 ҳазор сомонӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.

Нимаи дуюми 6 сентябр Сарвазири мамлакат ва Раиси вилоят дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43 иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии бино 1,44 гектарро ташкил дода, бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 5 миллион сомонӣ барои 480 нафар дар ду баст сохта шудааст. Бино дуқабата буда, аз 10 синфхонаи таълимӣ, 4 кабинети фаннӣ, 2 лаборатория ва 2 ҳуҷраи корӣ иборат аст.

Қоҳир Расулзода омӯзгорон, шогирдон ва волидони онҳоро ба муносибати оғози соли нави таҳсил, ифтитоҳи таълимгоҳи нав ва 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ шодбош гуфтанд.

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба беҳдошти вазъи роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ низ аҳамияти зарурӣ дода мешавад. Дар ҷараёни сафари кории Сарвазири мамлакат 3,37 километр роҳи мумфаршшуда миёни деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти «Меҳнатобод» ва деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти «Қаҳрамон» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Корҳои сохтмонӣ дар роҳи мазкур моҳи июли соли равон аз тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар ҳаҷми 2,9 миллион сомонӣ корҳои навсозӣ пурра ба анҷом расонида шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар масофаи зикргардидаи роҳ аз тарафи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳия 13 адад аломати роҳ насб гардида, 2 пул аз таъмири асосӣ бароварда шуданд.

Ҳамчунин Сарвазири мамлакат аз парвариши зироат, ҳолати самаранок истифода гардидани замин, ҷамъоварии ҳосили зироат дар хоҷагии деҳқонии «Одина Рашид» дидан намуд. 18 нафар саҳмдорони хоҷагӣ аз аввали мавсим дар майдони 1,5 гектар ғалладона, 0,10 га картошка ва 0,10 га помидор кишт намудаанд. Аз майдони умумии ғаллазор хоҷагӣ ба ҳисоби миёна ба миқдори 47-сентнерӣ ҳосил рӯёнид. Баъди ҷамъоварии ҳосили якум хоҷагӣ дар майдони 2 гектар кишти ҷуворимаккаи дон ва дар майдони 0,5 гектар кишти барвақтии пиёз ба роҳ монд. Тавре мушоҳида шуд, майдони пахтазори хоҷагӣ дар ҳолати хуби агротехникӣ қарор дошта, хоҷагидорон мақсад доранд ҳосилнокиро аз ҳар як гектар то ба 40-сентнерӣ расонанд.

Дар ҷараёни сафари кории Қоҳир Расулзода дар маркази ноҳияи Ҳамадонӣ Маркази хизматрасонӣ ва савдо, коргоҳи истеҳсоли консерва бо иқтидори аз 16000 то 20000 қуттии шартӣ дар як моҳ ифтитоҳ гардиданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE