Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагии «ТОҶ АГРО»-и деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шинос шуданд

26 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварда, бо истифодаи мақсадноки замин дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶ АГРО” шинос шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶ АГРО” дорои 70 гектар замини обӣ буда, хоҷагидорон ҳар қитъа заминро оқилона истифода намуда, зироати гуногун кишт кардаанд.

35 гектар заминро токзор, аз ҷумла ангурҳои содиротӣ ташкил медиҳад.

13 гектари токзор навбунёд буда, хоҷагидорон нақша доранд, ки дар оянда бо роҳу усулҳои муосири парвариш аз ҷумла пайванд ҳосили хуб ба даст оварда, рушди соҳа ва бозори истеъмолиро таъмин созанд.

Аллакай то имрӯз дар майдони 3,8 гектар замин парвариши навъҳои гуногуни ангур бо роҳи пайванд ба роҳ монда шудааст.

Бо мақсади самаранок истифода бурдани замин ва дар ин замина таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли ватании аз ҷиҳати экологӣ тоза саҳмдорони ҷамъияти мазкур дар байни қаторҳои ниҳолони навбунёд тарбузи зери плёнка кишт кардаанд.

Риоя кардани агротехникаи парвариши полезӣ ва заҳматҳои ҳамешагӣ ба беҳтаршавии ҳосил замина гузоштааст.

Тибқи иттилоъ рӯзҳои наздик аҳли заҳмат самараи дастранҷи худро ҷамъоварӣ намуда, пешниҳоди сокинон мегардонанд.

Хоҷагидорон нақша доранд, ки аз ҳар як гектар то 500 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз боғи интенсивии себ ба хоҷагидорон барои дар оянда зиёд намудани майдони боғ ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли мева дастуру супоришҳои муфид доданд.

Боғи интенсивии себ дар ҷойи боғи куҳна бо истифода аз ниҳолҳои серҳосили ба иқлим мувофиқ бунёд гардида, зиёда аз 2 ҳазор бех ниҳоли себи навъи “галамаст”, ки давраи пухта расидани он моҳҳои июл-август буда, ҳосилнокиаш 400-450 сентнериро ташкил медиҳад, шинонида шудааст.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶ АГРО” 8 гектар боғ, аз ҷумла дар 4,5 гектар зардолу ва дар 3,5 гектар себ шинонда шудааст.

Барои самараноку оқилона истифода бурдани ҳар қитъа замини корам ва рӯёндани ду ва се ҳосил кишоварзон дар байни қатори ниҳолон полезӣ кишт кардаанд.

Хоҷагидорон дар кишти аввал дар майдони 13 гектар кишти пиёз гузаронида, баъди ҷамъоварии ҳосил кишти харбӯза гузаронидаанд.

Аз кишти барвақтии пиёз, ки дар байни қатори ниҳолон гузаронида шуда буд, аҳли заҳмат аз ҳар гектар 400-450 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ намуданд.

Баъди ҷамъоварӣ намудани ҳосили пиёзи барвақтӣ дар 6 гектари он харбуза кишт карда шуда, дар 5 гектари боқимонда кишти дигар намуди зироат идома дорад.

Дар маҷмуъ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶ АГРО” 450 нафар бо ҷойи кор таъмин мебошанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи лавҳаи рамзии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶ АГРО” парда бардоштанд. Лавҳаи мазкур ва майдончаи назди иншооти ҷамъият дар масоҳати 35 метри мураббаъ бо тарҳи муосир ва санъати баланди меъморӣ бунёд карда шудааст. Мувофиқи лоиҳа баландии лавҳа 2,5 метр буда, зерпояи он бо сангҳои мармар оро дода шудааст.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми стратегии мамлакат-саноатикунонуии босуръати кишвар аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶ АГРО” коргоҳи хурди банду басти асал бунёд гардидааст. Иншооти мазкур дар доираи нақша чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтааст.

Масоҳати коргоҳ 160 метри мураббаъ буда, бо технологияи пешрафтаи Туркия муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Хатҳои нави технологӣ имкон медиҳад, ки дар як шабонарӯз 2 тонна асал коркард шавад.

Асал барои коркард асосан аз хоҷагиҳои занбурпарварии ноҳия ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ворид карда шуда, дар зарфҳои гуногун банду баст мегардад. Ин имконият медиҳад, ки асали тозаи табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи истеҳсоли Тоҷикистон дар шакли муосир банду баст шуда, пешниҳоди харидорон гардонида шавад.

Дар коргоҳи навбунёд 10 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гаштанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардхонаи навбунёди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶ АГРО”-ро бо ғунҷоиши 1000 тонна мавриди истифода қарор доданд.

Сардхона аз 8 ҳуҷраи нигоҳдории маҳсулот иборат буда, бо сифати баланд ва муҷаҳҳаз бо технологияи нав бунёд гардидааст.

Ҳоло дар сардхона зардолу, помидор, пиёз ва картошка нигоҳдорӣ мешавад.

Ҷамъият метавонад бо истифода аз ҳосили фаровони маҳсулоти истеҳсолкардаи худ бозори дохилиро бо меваю сабзавот ва полезӣ таъмин намуда, дар баробари ин содиротро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монад.

Ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти барвақтӣ ва зиёд намудани майдони гармхона хоҷагидорон тасмим гирифтанд, ки гармхонаи нав бунёд карда, дар он парвариши помидорро ба роҳ монанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ иқдоми хоҷагидоронро ҷиҳати ташкили чунин гармхонаҳои замонавӣ ва ба ин васила дар тамоми фасли сол таъмин намудани талаботи сокинон бо маҳсулоти тару тоза ба манфиат арзёбӣ карданд.

Гармхонаи навбунёд 2 гектарро дар бар гирифта, дар он асосан парвариши помидори навъҳои серҳосил ба роҳ монда шудааст.

Ин навъи помидорҳо асосан дар як сол дар ду давр кишт карда мешавад.

Дар гармхонаи навбунёд обёрӣ тариқи қатрагӣ ба роҳ монда шуда, технологияи парвариш бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ идора карда мешавад.

Ин омил имконият медиҳад, ки оби полезӣ самаранок истифода шуда, ҳосилнокии замин баланд бардошта шавад.

Аллакай ин таҷриба самараи хуб ба бор оварда, ҳосили помидори дар гармхона парваришёфта қонеъкунанда арзёбӣ мешавад.

Таъкид бояд кард, ки дар хоҷагӣ моҳи октябри соли 2021 дар майдони як гектар гармхона мавриди истифода қарор дода шуда буд.

Аз гармхонаи мазкур кишоварзон бо роҳи дастрас намудани тухмии серҳосил, ба маҳал мутобиқ ва риояи агротехникаи парваришу заҳматҳои шабонарӯзӣ 100 тонна помидор ҷамъоварӣ намуда, пешниҳоди мизоҷон гардониданд.

Ба роҳ мондани парвариши помидор дар гармхона афзалияти бештар дошта, омили муҳими даромаднокӣ ва дар тамоми фасли сол таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо сабзавоти тару тозаи кишоварзӣ ба шумор меравад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти аҳли заҳмати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶ АГРО” ба иқдоми шоистаи хоҷагидорон баҳои баланд дода, онҳоро ба истифодаи мақсадноку оқилонаи замин, рӯёнидани ҳосили фаровони маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус сабзавоти барвақтӣ ва таъмини бозори истеъмолию рушди соҳа ҳидоят намуданд.

Дар идома Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ боздид ба амал оварданд.

Дар намоишгоҳ аз ҷониби заминистифодабарандагони ҷамъияти мазкур ва кишоварзони ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ номгӯи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, ғалладонагиҳо ва меваю сабзавот муаррифӣ карда шуд.

Кишоварзони ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар самти парвариши маҳсулоти кишоварзӣ таҷрибаи бой дошта, бо маданияти баланди заминдорӣ ва истифодаи мақсадноки обу замин соҳаи кишоварзиро рушд бахшида, самараи дастранҷи худро афзун намуданд.

Дар ноҳия то имрӯз 89 ҳазору 28 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ карда шудааст.

Тибқи иттилоъ кишоварзони ноҳия дар майдони 13318 гектар зироати гуногун кишт кардаанд, ки аз ин 5107 гектар ғалладонагӣ, 5900 гектар пахта, 255 гектар картошка, 800 гектар сабзавот, 510 гектар полезӣ, 330 гектар пиёз ва 90 гектар сабзиро ташкил медиҳад.

Деҳқонон баъди гирифтани ҳосили якум аллакай кишти такрорӣ гузарондаанд, ки аз мақсаднок истифода бурдани ҳар қитъа замини корам дар ноҳия дарак медиҳад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ ба дастранҷи деҳқонон бо кишоварзон суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, онҳоро ҷиҳати аз як замин гирифтани ду ва се ҳосил, истифодаи оқилонаву мақсадноки замин ва дар навбати аввал таъмин намудани оилаи худ бо маҳсулоти кишоварзӣ, захираи кофии ғизо ва таъмини бозорӣ истеъмолӣ дастуру супоришҳои судманд доданд.

Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии Ангурбоғ ба дарави ғалла оғоз бахшида, таваҷҷуҳи кишоварзонро дар самти беталаф ғундоштани ҳосили имсолаи гандум, ки фаровон ба назар мерасад, ҷалб намуданд. Хоҷагӣ дорои 30 гектар замин буда, дар майдони 4,5 гектар гандум кишт карда шудааст.

Соли равон кишоварзони ноҳия дар майдони 5107 гектар зироати ғалладонагӣ аз ҷумла, 4647 гектар гандум, 200 гектар ҷав, 10 гектар шолӣ ва 120 гектари дигар ҷуворимаккаи дон кишт кардаанд.

Ҳамасола кишоварзони ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон барои саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бахусус гандум тадбирҳои муҳимро амалӣ намуда, ҳосили фаровони ғалла мерӯёнанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо хоҷагидорон таъкид доштанд, ки дар замони норасоии маводи ғизоӣ дар ҷаҳон бо роҳи истифодаи мақсадноки заминҳои наздиҳавлгию саҳроӣ, гирифтани ду се ҳосил аз як қитъа, вусъати корҳои саҳроию саривақт ҷамъоварӣ намудани ҳосил ва заҳмати содиқона метавон талаботи сокинони мамлакатро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин намуда, дар яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм гузошт.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE