Имшаб дар истгоҳҳои обтаъминкунии пойтахт корҳои безараргардонӣ сурат мегирад. Шарҳи мақомот

ЭЪЛОН:
Шаҳрвандони муҳтарам!
Бинобар сабаби боронҳои зиёди рӯзҳои охир КВД “Обу корези Душанбе” бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятии тавассути об сирояткунанда дар истгоҳҳои обтаъминкунии корхона санаи 26 май аз соати 22.00 то соати 02.00-и 27 май корҳои безараргардониро мегузаронад. Тирагии об аз ҳисоби истифодаи аз меъёр зиёд гипохлориди натрий афзун хоҳад шуд. Аз ин лиҳоз, лозим донистем шаҳрвандонро огоҳ созем то дар ҷараён бошанд ва аз истифодаи оби ноҷӯшонда худдорӣ намоянд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE