«Somon Air» дар масири Душанбе –Қазон ва Хуҷанд –Новосибирск парвозҳои мунтазамро барқарор менамояд
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» тасмим гирифтааст, ки шурӯъ аз моҳи июн парвозҳои мунтазамро дар масири Душанбе-Қазон-Душанбе ва Хуҷанд-Новосибирск-Хуҷанд барқарор намояд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ медиҳад.
Шурӯъ аз 9 июн парвозҳо ба самти Қазон ва Новосибирск ҳафтае як маротиба- рӯзҳои панҷшанбе сурат мегиранд. Вақти парвоз аз Душанбе ба Қазон 17:40, аз Қазон ба Душанбе — 21:00 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст. Парвозҳо аз Хуҷанд ба Новосибирск соати 20:30 ва дар самти баргашт шаби ҷумъа соати 03:00 амалӣ мегарданд. Парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва -900 анҷом дода мешаванд.
Мусофирони ба Федератсияи Русия сафаркунанда, ба истиснои шаҳрвандони Русия бояд шаҳодатномаи ПСР-тестро бо натиҷаи манфии санҷиши COVID-19, ки давоми 48 соати пеш аз ворид шудан ба қаламрави Русия дода шудааст, пешниҳод намоянд. Аз 15 марти соли 2022 вуруди мусофирон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба қаламрави Тоҷикистон бо пешниҳоди гувоҳномаи ваксинатсия иҷозат дода шудааст. Дар ҳолати надоштани гувоҳномаи ваксинатсияи пурра ва ё қисман мусофирон бояд шаҳодатномаи гузаштани ПСР-тестро бо натиҷаи манфии санҷиши COVID-19, ки ба муҳлати 72 соат эътибор дорад, пешниҳод намоянд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди ПСР-тест озод мебошанд.