Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ
16 апрели соли 2023, Президенти Ҷумҳурии Ироқ Абдулатиф Ҷамол Рашид сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ (бо қароргох дар Ал-Қувайт) Зубайдулло Зубайдзодаро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои Тоҷикистону Ироқро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва дигар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин, перомуни масъалаҳои мубрами минтақа ва ҷаҳон табодули афкор сурат гирифт.