Ба Тоҷикистон 241 ҳазору 920 воя ваксинаи «Модерна» ворид гардид
Бо мақсади пешгирии сирояти коронавируси нави COVID-19 ва ба иммунизатсия бар зидди сирояти мазкур фаро гирифтани сокинони мамлакат дар доираи Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба COVID-19 дар Тоҷикистон (TEC-19) шоми 25 май ба ҷумҳурӣ 241 ҳазору 920 воя ваксинаи «Модерна» ворид гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд, тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ва пешгирии интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 3 июли соли 2021 ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад.
Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд.
Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат ройгон гузаронида мешавад.