Форуми пешазконфронсии “Занон ва об” дар Душанбе оғоз гардид

Имрӯз дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе Форуми “Занон ва об”-2022 дар доираи Конференсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор солҳои 2018-2028 “Раванди оби Душанбе” бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҲҶТ, Дафтари минтақавии СММ “Занон” дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Бунёди байналмилалии Шоҳигарии Академияи илмҳо дар якҷоягӣ бо Дафтари ҳамоҳангсози фаъолиятҳои иқтисодӣ ва экологии САҲА оғоз шудаву идома дорад. Дар ин бора ҳамкорамон Нигинаи Давронзод аз макони баргузории ҳамоиш иттилоъ медиҳад. Дар форуми мазкур намояндагони Дафтари минтақаваии СММ-занон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Бунёди байналмилалии Шоҳигарии Академияи илмҳо дар якҷоягӣ бо Дафтари ҳамоҳангсози фаъолиятҳои иқтисодӣ ва экологии САҲА, намояндагон аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, намояндаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди пешвоёни Эътилофи об ва иқлим Султон Раҳимзода иштирок менамоянд.

Тафсилот нашр мешавад

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE