Вазорати корҳои хориҷии Олмон: Толибон* Афғонистонро ба шикаст мебаранд
Вазири корҳои хориҷии Олмон Анналена Бербок, аз вазъи Афғонистон изҳори нигаронии ҷиддӣ кард. Вай таваҷҷуҳро ба бӯҳрони башардӯстона ва иқтисодӣ ҷалб карда, изҳор дошт, ки Толибон* кишварро ба суқути он бурда истодаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи Афганистан.ру хабар медиҳад.
«Духтарон аз ҳуқуқи таҳсил маҳруманд. Занонро аз иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ қариб дар канор мондаанд. Овозҳои мухолиф берахмона пахш карда мешаванд. Иқтисод дар ҳоли таваққуф аст», гуфт Бербок дар пайи мулоқот бо ҳамтои покистониаш Билавал Бҳутто Зардорӣ.
Вазир таъкид кард, ки Олмон то даме, ки шароити «даҳшатнок» дар Афғонистон боқӣ мемонад, ҳукумати Толибонро эътироф нахоҳад кард.
Вай аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, то ба Толибон фишор оваранд, то вазъ дар кишварро тағйир диҳанд.
Вазири корҳои хориҷӣ афзуд, Берлин дар идомаи кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон ва дастгирии шаҳрвандоне, ки мехоҳанд Афғонистонро тарк кунанд, мадад хоҳад кард.
Вай ба Исломобод барои кумак дар интиқоли паноҳҷӯёни афғон ба Олмон изҳори сипос кард. Ба гуфтаи вай, тайи чанд моҳи ахир 14 ҳазор афғон вориди кишвар шудааст.
Қаблан вазорати хориҷаи Олмон гуфта буд, ки ҳар ҳафта ҳудуди 200 паноҳандаи афғон аз Покистон ба Олмон меоянд.