Сабти номи намояндагони васоити ахбори омма барои бозтоби Конфронси сеюми оби Душанбе оғоз гардид
10-13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе дар доираи Раванди оби Душанбе Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.
Намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷиро лозим аст, ки ҷиҳати иштироки худ дар пӯшиши иттилоотии чорабинии мазкур дар торнамои расмии Конфронс то 20 майи соли 2024 аз раванди бақайдгирӣ гузаранд.