Бори аввал дар Тоҷикистон Чемпионати минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон доир мешавад
Бори аввал дар Тоҷикистон аз 11 то 15 август Чемпионати минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон баргузор мегардад. Дар ин бора ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Федератсияи бадминтони Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мусобиқаи мазкур бадминтонбозони беҳтарин аз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Муғулистон ва Эрон ширкат меварзанд.
Макони баргузории мусобиқа «Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ»-и шаҳри Душанбе мебошад.