Рассомони ҷавони озарбойҷонӣ дар нигораҳои худ табиат ва манзараҳои таърихии Тоҷикистонро инъикос мекунанд
Бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон ва дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи рассомони Озарбойҷон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон намоиши мусавввараҳои рассомони ҷавони озарбойҷонӣ таҳти унвони «Робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Озарбойҷон аз насл ба насл» баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар намоишгоҳ, ки дар Маркази Ҳайдар Алиев баргузор гардид, беш аз 70 мусаввара ба тамошо гузошта шуд, ки зебоии нотакрори табиат ва манзараҳои таърихии Тоҷикистонро инъикос мекунанд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озарбойҷон Рустам Солӣ зикр намуд, ки доир гардидани чунин маъракаҳои фарҳангӣ барои боз ҳам равнақ ёфтани муносибатҳои дўстона миёни ду кишвар мусоидат менамояд ва ў ба кулли ширкаткунандагон барои иштироки фаъолонаашон дар чорабинӣ изҳори сипос кард.
Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ Раиси ноҳияи Ясамал Элшод Гасанов, Директори Маркази Ҳайдар Алиеви ноҳия Ясамали шаҳри Боку Намине Умарова, роҳбарон ва намояндагони сафоратҳои муқими шаҳри Боку, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва аҳли ҷомеа ширкат варзиданд.