Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА ба зинаи 108-ум баромад
Бо шарофати баромади муваффақона дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби футболи Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА шаш зина боло шуда, аз 114 ҷой ба зинаи 108-ум баромад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дастаи мо 1179 хол дорад, ки ин назар ба нашри қаблӣ 19,68 хол зиёд аст.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар моҳи июн чаҳор бозӣ анҷом дод – дар бозии дӯстона аз тими миллии Сурия дар Дубай шикаст хӯрд (0:1) ва ду пирӯзӣ бар тимҳои миллии Мянмар (4:0) ва Сингапур (1:0) ба даст овард. Инчунин дар ин мусобиқа бо дастаи Қирғизистон бозиро мусовӣ (0:0) кард.
Миёни дастаҳои Осиё тими миллии Тоҷикистон дар зинаи 20-ум қарор дорад.