Дар Душанбе Фестивал-намоиши «Таомҳои миллӣ» баргузор гардид

Имрӯз бахшида ба 25-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе Фестивал-намоиши «Таомҳои миллӣ» баргузор гардид. Дар Фестивал 50 кадбонуи чирадаст аз чор ноҳияи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ 36 намуд таомҳои миллӣ, аз ҷумла оши палов, шӯрбо, шавла, ширбиринҷ, ширкаду, шакароб, қурутоб, мошубиринҷ, мастоба, угро, манту, тушбера ва даҳҳо номгӯи дигари хўрокҳои мардуми тоҷикро болои дастархон гузоштанд, ки бо ороиши зебо яке аз дигаре ба назар бомаззатару иштиҳоовар менамуд.

Бояд гуфт, ки Фестивали мазкур аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақади амалисозии «Барномаи рушди ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 октябри соли 2020 ба тавсиб расидааст, доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» сармутахассиси маркази матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии мамлакат Ҳасан Азизов иттилоъ дод, дар Фестивал-намоиши «Таомҳои миллӣ» намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалӣ ва сокинону меҳмони пойтахт ишгтирок намуданд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширн Амонзода иброз дошт, ки «эҳё, ҳифз ва рушд додани ҳунарҳои мардумӣ дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи хос дошта, ҳунармандону косибон аз чандин имтиёзҳо бархӯрдоранд, ки барои рушди пешаашон такони ҷиддӣ бахшид ва майлу рағбати онҳоро ба ин самт бештар намуд».

Ҳамчунин пазандагони моҳир ба иштирокдорони Фестивал-намоиш хусусиятҳои таомҳои омоданамудаи худро баён дошта, аз ҷумла шарҳ доданд, ки барои чӣ тоҷикон қурутобро дар фасли сармову шакаробро дар гармо омода ва тановул менамоянд. Инчунин онҳо ба ҷамъомадагон оид ба тарзи тайёр намудани ошҳои буридаву тўппа, дар бораи фоидаовар будани биринҷоба ҳангоми бемории зуком ва дигар паҳлӯҳои барои саломатӣ муфиди баъзе аз таомҳои миллӣ маълумот доданд.

Бояд хотиррасон кард, ки теъдоди зиёди таомҳои миллии тоҷикон бо мурури замон аз ёди наслҳо рафта, имрӯз мавриди пухтупаз қарор намегиранд. Ҳадафи баргузор намудани чунин фестивалҳо ҳифз ва нигоҳдошти беҳтарин анъана ва суннатҳои миллӣ, тарбияи эҳсоси худшиносӣ ва меҳнатдӯстӣ, баланд бардоштани маърифати оиладории занону духтарон, муаррифии занони ҳунарманду кадбонуҳои соҳибистеъдод мебошад.

Дар фарҷом аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии мамлакат иштирокдорони фаъоли Фестивал бо «Диплом»-у туҳфаҳои хотиравӣ қардони карда шуданд. Ҳамчунин барномаи фарҳангӣ хотири иштирокдорон ва меҳмононро болида гардонид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE