Боздид аз намоиш-фурӯши доимии гулу гиёҳҳои шифобахш дар ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг

16 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг аз намоиш – фурӯши доимии гулу гиёҳҳои шифобахш ва маводи доруворие, ки аз онҳо омода мешаванд, дидан намуданд.

Сокинон ин гулу гиёҳҳои шифобахши аз лиҳози экологӣ тозаро аз кӯҳ ва талу теппаҳои ҳудуди ноҳия ҷамъоварӣ ва дар шароити хона бандубаст менамоянд.

Дар ноҳия номгӯйи зиёди гиёҳҳои шифобахш мавҷуд аст, ки дар натиҷаи коркард барои муолиҷаи бемориҳои зиёд истифода бурда мешаванд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоиши мазкур бо назардошти сайёҳӣ будани минтақа ба сокинон ҷиҳати истифодаи оқилонаи неъматҳои табиӣ ва ба ин роҳ боз ҳам беҳтару хубтар намудани сатҳу сифати зиндагии хеш дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE