Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти соҳаи сайёҳӣ дар Душанбе баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе, муовини Раиси Шуро Дилбар Одилзода баргузор гардид, хабар доданд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
Дар ҷаласа гузориши мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар пойтахт шунида шуд. Дар ҷаласа лоиҳаи Нақшаи кори Шурои ҳамоҳангсози фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2024 мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба он баҳри рушди соҳа таклифҳои судманд пешниҳод гардид.
Ёдовар мешавем, ки Шурои ҳамоҳангсоз дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 3 октябри соли 2018 бо мақсади таъмини ҳамкории густурда байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ташкилоту муассисаҳо, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, инчунин субьектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳии пойтахт, новобаста аз шакли моликият ва тобеият таъсис дода шудааст.
Шуро мақоми доимамалкунандаи машваративу ҳамоҳангсозии соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад.