Шиносоӣ бо маданияти истифодаи замини наздиҳавлигии Илҳом Одинаев дар ноҳияи Ховалинг

16.07.2022 09:17, ноҳияи Ховалинг

16 июл дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонаи истиқоматии шаҳрванд Илҳом Одинаев ташриф оварда, бо маданияти истифодабарии замини наздиҳавлигӣ шинос шуданд.

Оилаи Одинаевҳо дар ноҳияи Ховалинг намунавӣ буда, дар ин хонавода фарзандони меҳнатдӯсту худшинос ва худогоҳ ба воя расидаанд. Замини наздиҳавлигии шаҳрванд Илҳом Одинаев 8 садякро ташкил медиҳад. Дар 4 садяки замин зироати кишоварзӣ, асосан сабзавот ва картошка кишт карда шудааст. Ҳамчунин дар назди ҳавлӣ дарахтони мевадиҳандаи себ, олуча, зардолу, шафтолу, гелос, олу, чормағз, нок, хурмо ва ангур парвариш меëбад.

Ғайр аз замини наздиҳавлигӣ Илҳом Одинаев аз ҳисоби заминҳои президентӣ 15 садяк хоҷагии ëрирасонро дар ихтиëр дорад. Дар ин қитъа низ картошка, сабзавот ва дигар номгӯи зироати кишоварзӣ кишт карда шудааст. Ин шабу рӯз дар ноҳияи Ховалинг мавсими ҷамъоварии ҳосили зироат ва мева идома дорад. Оилаи Одинаевҳо дастаҷамъона ба захира намудани маҳсулот, аз ҷумла ба тайëр кардани мураббо, хуриш ва шарбати меваю сабзавот машғул мебошанд.

Зимни шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити зиндагии оилаи мазкур маълум гардид, ки дар анбори захиравии ин хонадон ба миқдори зарурӣ маҳсулот, аз қабили гандум, лубиëдонагиҳо, мевагӣ, орду равған, биринҷ ва ғайра захира карда шудааст. Ҳамчунин дар 300 зарф шарбату ширинӣ ва хуришҳои гуногун омода кардаанд, ки барои ду соли оянда басанда мебошад.

Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои оилаи шаҳрванд бастаи адабиёти бадеӣ туҳфа намуда, онҳоро ба мутолиаи китоб ва воқиф будан аз таъриху маданияти баланди миллати тоҷик ҳидоят карданд. Сарвари давлат ба фаъолияти оилаи шаҳрванд Илҳом Одинаевро дар самти маданияти истифодаи замин шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат ҳисобиданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE