Дар Душанбе вобаста ба мавқеи Тоҷикистон дар муқовимат бо экстремизми динӣ ва терроризми байналмилалӣ конференсия доир мешавад
6 октябр дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат бо экстремизми динӣ ва терроризми байналмилалӣ» конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар конференсия иштироки олимон, коршиносон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва коршиносони мустақил дар назар дошта шудааст.
Мавзуъҳои «Масоили мубориза бо экстремизми динӣ ва терроризми байналмилалӣ дар паёмҳо ва суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон», «Таҳдидҳо ва хатарҳои муосир ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ», «Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат ба таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, ифротгароии динӣ ва қочоқи маводи мухаддир дар доираи Созишномаи ҳамкории Шанхай», «Фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини сулҳ, амният ва суботи минтақа дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ», «Нақши Маркази зидди террористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бо таҳдидҳо ва хатарҳои муосир ва саҳми Тоҷикистон дар он» ва ғайра мавриди баррасӣ қарор мегиранд.