Гӯштингирони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон иштирок менамоянд
Алиризо Баҳромов (71кг) ва Муҳаммадамин Абдуллоев (80кг) аз намуди гӯштини тарзи озод ба шаҳри Рими Италия барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни наврасони то 17-сола сафарбар шуданд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Кумитаи миллии олипии Тоҷикистон.
Чемпионати мазкур 25 июл оғоз гардида, то 31 июл идома меёбад ва дар он 597 варзишгар (419 писар, 178 духтар) аз 54 давлат иштирок мекунанд.
Қувваозмоиҳо 25 июл бо гӯштини юнонӣ-римӣ оғоз гардида, 29 июл бо гӯштини тарзи озод идома меёбанд ва 31 июл ба анҷом мерасанд.
Дар асоси барномаи чемпионат Муҳаммадамин 29-30 июл ва Алиризо 30-31 июл гӯштин мегиранд. Рӯзи аввал марҳилаи интихобӣ ва рӯзи дуюм финал ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи июн дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштин миёни наврасони то 17-сола дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон Муҳаммадамин Абдуллоев ва дар Чемпионати Осиё миёни наврасони то 15-сола дар Манамаи Баҳрайн Алиризо Баҳромов сазовори медали нуқра гардида буданд.
Дар чемпионатҳои ҷаҳон оид ба гӯштин миёни наврасон Тоҷикистон ҳамагӣ ду медал – 1 нуқра ва 1 биринҷӣ дорад. Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни наврасон соли 2019 дар Софияи Булғористон дар равияи гӯштини юнонӣ-римӣ Шероз Очилов дар вазни 65 кг медали нуқра ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 55 кг медали биринҷӣ ба даст овардаанд.