Дар ноҳияи Ашт минтақаи саноатии муштараки Тоҷикистону Узбекистон бунёд мешавад

Гурӯҳи кории Ҷумҳурии Узбекистон иборат аз 10 нафар бо роҳбарии сардори ширкати «Баҳодур Лағон текстил» Зиёқиддин Ёрматов  ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз ноҳияи Ашт боздид намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия.

 Ҳадафи сафари гурӯҳ ба гардиши кишоварзӣ даровардани 20 ҳазор гектар заминҳои бекорхобидаи ноҳия ва ташкили боғҳои интенсивӣ мебошад. Ҳамзамон дар ҳаҷми 30 гектар бунёди минтақаи саноатӣ дар назар дошта шудааст, ки аз ҳисоби заминҳои даштӣ миёни Ашт ва ноҳияи Б.Ғафуров (дашти Сомғор) пешбинӣ гардидааст.

Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ба аъзои гурӯҳи корӣ оид ба вазъи заминҳо ва обёрии он маълумот дод. Пас аз боздид мутахассисони соҳа иброз доштанд, ки дар чунин заминҳо боғҳои интенсивӣ бунёд карда, метавон ҳосили дилхоҳ ба даст овард.

Баъдан Раиси ноҳия бо пешниҳоди харитаи заминҳо ба меҳмонон мавзеи мусоидро ҷиҳати корбарӣ пешниҳод намуд. 

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE