Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо сафири Русия мулоқот намуд
28 июл мулоқоти Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ба муносибати ба охир расидани ваколати дипломатиаш дар Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилӣ.
Зимни мулоқот Вазири корҳои дохилӣ иброз дошт, ки Русия яке аз шарикони асосии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ӯ ҳамчунин аз раванди афзояндаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия изҳори қаноатмандӣ кард.
Вазири корҳои дохилӣ ба фаъолияти Игор Лякин-Фролов ҳамчун сафир дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, ба ӯ барои ҳамкории судманд ва дастгирӣ давоми фаъолият дар вазифаи сафир изҳори сипос намуд.
Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов барои ҳамкории мутақобилан судманд ба Вазири корҳои дохилӣ изҳори миннатдорӣ кард.