43 миллиону 336,5 ҳазор сомонӣ зарари офатҳои табии ба роҳ, пул ва қубурҳои кишвар

 

Дар соли 2024 офатҳои табиӣ ба 152,4 км роҳ,  22 адад пул, 10 адад қубур ба маблағи умумии 43 млну 336,5 ҳазор  сомонӣ дар ҷумҳурӣ зарар расонида

Оид ба ҷамъбасти фаъолияти вазорати нақлиёти кишвар дар соли 2024 бо иштироки масъулини ин ниҳоди давлатии Тоҷикистон нишасти хабарӣ бо  рӯзноманигорон доир гардид.

Зимни нишаст гуфта шуд, ки  барои  таъмиру нигоҳдории роҳҳои  автомобилгард аз буҷаи давлатӣ 109,3 млн сомонӣ пешбинӣ гардида, бо назардошти тағйиру иловаҳо 108,8 млн сомонӣ сарф карда шудааст.

Дар соли 2024 офатҳои табиӣ ба 152,4 км роҳ,  22 адад пул, 10 адад қубур ба маблағи умумии 43 млну 336,5 ҳазор  сомонӣ дар ҷумҳурӣ зарар расонида, аз он 109,36 км роҳ, 1 адад пул ба маблағи 3,1 ҳазор сомонӣ аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби вазорат барқарор карда шуд.

Азим  Иброхим вазири  нақлиёти кишвар ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки  соли 2025 тибқи нақша бояд 3 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ корҳои сохтмонӣ оғоз шаванд.

Бунёди роҳҳои  Гулистон-Кулоб (35 километр) 745 млн сомонӣ, Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ (137 км – марҳилаи якум) 449 млн сомонӣ ва марҳилаҳои боқимонда ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ пешнӣ шудааст.

Нигинаи Давронзод

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE