НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ РАДИОИ ТОҶИКИСТОН ВА ШАБАКАҲОИ ОН
Имрӯз дар бинои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои он дар шашмоҳи аввали соли 2024 ва дурнамои фаъолият дар давраҳои минбаъда ҷаласа доир гардид.
Дар ҷасала, муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилафрӯз Рустамзода, роҳбарияти Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои он иштирок карданд.
Дар ҷаласа, директори Радиои Тоҷикистон ва сармуҳаррирони шабакаҳои дигар оид ба натиҷаҳои фаъолияти худ дар шашмоҳи аввали соли 2024 ва лоиҳаву барномаҳои нав маълумот доданд.
Ҳамин тавр, ҳамаи масъалаҳо дар ҷаласа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини муназзамии фаъолият, беҳтар гардондани шароит ва имконоти эҷодию техникӣ, тарғибу ташвиқи пайвастаи сиёсати роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳияи барномаву гуфторҳои ҷолибу муосир бо истифода аз иқтидори эҷодию техникӣ ва баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳии миллӣ, ватандӯстии насли наврас роҳбарони шабакаҳои радиоӣ вазифадор карда шуданд.