Президенти мамлакат Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Конибодомро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
11 август дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Конибодом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи омодагиҳо ба таҷлили шоистаи ҷашнҳои бузурги таърихӣ: 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳр Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур дар пайи тадбиқи сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон бунёд шуда, бобати бо ҷойи нишаст таъмин кардани хонандагон мусоидати фаъол хоҳад кард.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имконияту шароити илмомӯзӣ дар иншооти тозабунёд ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд ва ҳайати омӯзгоронро ҷиҳати талоши бештар ба харҷ додан ба сифати таълиму тарбия ва таҳкими ғояҳои худшиносиву худогоҳии насли наврас ҳидоят карданд.
Муассисаи таълимии тозабунёд дорои 29 синфхона, 4 ҳуҷраи кории омӯзгорон, кабинетҳои муҷаҳҳази фаннӣ барои омӯзиши илмҳои дақиқу табиатшиносӣ, ошхона барои 75 нафар, маҷлисгоҳ барои 260 нафар, толори варзишӣ, китобхона ва бойгонӣ мебошад. Мактаби нав барои қабули 1000 нафар хонанда дар ду баст бо тарҳи ҷолиб ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосири таълимӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар ин мактаб 42 нафар омӯзгор фаъолият менамоянд. Бинои нав ба системаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст карда шудааст.
Дар иншооти тозабунёди таълимӣ инчунин ҷиҳати ҷалби густурдаи муҳассилин ба касбомӯзӣ марказҳои ҳунаромӯзиву маҳфилҳои эҷодӣ ташкил карда шудаанд.
Дар ин мактаб 42 нафар омӯзгорон фаъолияти доимӣ менамоянд, ки 41 нафари онҳоро бонувон ташкил медиҳанд. Ҳамаи мутахассисони ин даргоҳи илм омӯзгорони ҷавон мебошанд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли равон 22 нафар муассисаи таълимиро хатм карданд, ки 98 фоизи хатмкунандагон тавассути Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои олии таълимии мамлакат шомил шуданд.
Зимни шиносоӣ бо имконияти мактаби нав Президенти мамлакат ба роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд, ки хазинаи тамоми китобхонаҳои мактабии муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дар баробари таъмини адабиёти дарсӣ бо китобҳои бадеӣ низ комил карда шавад.