Вобаста ба сохтмони 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳрҳои Тоҷикистон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
16 август дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи грантӣ вобаста ба сохтмони 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд ва Турсунзода аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва директори иҷроияи блоки лоиҳавии Бунёди АвруОсиёии пойдорӣ ва рушд Андрей Широков ба имзо расонида шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм.
Зимни имзои созишнома таъкид гардид, ки ҳадаф сари вақт ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудани 5 муассисаи таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар айни замон дар ин иншоот корҳои созандагӣ бомаром идома дошта, муассисаҳои таълимӣ тибқи нақша моҳи сентябри соли равон мавриди истифода қарор мегиранд.
Бо мақсади амалӣ намудани назорат ва ҳамоҳангсозии корҳои сохтмонӣ ва иҷрои супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.04.2021 миёни тарафҳо комиссияи дуҷониба таъсис дода шуда, ба ҳайати он мақомоти дахлдор шомил гардидаанд.
Бо ин мақсад 13 ҷаласаи ситоди комиссия бо роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода баргузор гардида, оид ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.