Маҳмадтоир Зокирзода бо узви Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Со Бёнсу мулоқот намуд

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Фиристодаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Корея, узви Маҷлиси миллии Корея Со Бёнсу ва ҳамроҳони ӯ, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот намуд, хабар дод ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.

Зимни мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки Тоҷикистон ҳамеша аз дастовардҳои Ҷумҳурии Корея хушҳол аст.

«Бо дарназардошти имконияти ҳалли масъалаҳои мубрами сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон тавассути тавсеаву густариши ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея муносибатҳо миёни ду кишвар рӯз ба рӯз аҳамияти бештар касб намуда, ин тамоюл дар дурнамои наздик чунин боқӣ хоҳад монд», — тазаккур дод ӯ.

Маҳмадтоир Зокирзода роҷеъ ба ҳамкории дуҷониба афзуд, ки таҷрибаи Ҷумҳурии Корея дар татбиқи технологияҳои замонавии иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ метавонад мавриди омӯзиш ва истифодаи сохторҳои дахлдори Тоҷикистон қарор гирад. Бо мақсади ҷалби сармоя таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, ташкили намоишгоҳҳои маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоят муфид мебошад.

Раиси Маҷлиси намояндагон дар анҷоми мулоқот зиёд намудани бурсияҳои таҳсилиро барои донишҷӯёни тоҷик дар чаҳорчӯбаи барномаи бурсиявии глобалии Корея (Global Korean Scholarship) таъкид кард.

Инчунин худи ҳамин рӯз таҳти раёсати раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода мулоқоти аъзои гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея баргузор гардид.

Дар мулоқот доир ба ҷанбаҳои гуногуни робитаҳои бисёрпаҳлӯи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея гуфтугӯи судманд сурат гирифт. Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши ҳамкории байнипарлумонӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин аъзои гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея иштирок намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE