«ДИПЛОМАТИЯИ ОБИИ ТОҶИКИСТОН». Доир ба он ба донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Туркия маълумот дода шуд

12 апрел Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов дар назди устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи техникии ОСТИМ дар мавзуи «Дипломатияи обии Тоҷикистон» сухан гуфт. Дар ин хусус дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

 Дар маъруза роҷеъ ба ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим ва захираҳои обии Тоҷикистон маълумот пешниҳод гардид.

Ҳамзамон дар доираи маъруза наворҳои муаррифи Тоҷикистон намоиш дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки 22-24 март дар партави ташаббусҳои бузурги байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба маркази тантанаҳои бузурги об дар сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обро сарчашмаи ҳама мавҷудоти зинда дар олам ва қудрати муттаҳидсозии одамони сайёра номида, таъкид доштанд, ки мо бояд ба куллӣ тағйир додани тарзи фаҳмиш, арзиш ва идоракунии обро ба хубӣ дарк намоем.

«Моро зарур аст, ки вобаста ба об дидгоҳи нав дошта бошем, ки дурнамои рушди захираҳои онро инъикос намуда, ҳамзамон ба таҳкими нақши захираҳои оби тоза дар рӯзномаи баъдинаи ҷаҳонӣ мусоидат кунад», иброз доштанд зимни суханронӣ Президенти Тоҷикистон.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE