Тоҷикистон ва Фаластин ҳамкориро дар муқовимат ба коррупсия тақвият мебахшанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи зиддикоррупсионии Давлати Фаластин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар муқовимат ба коррупсия ба имзо расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Санади мазкурро Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Сулаймон Султонзода ва Раиси Комиссияи зиддикоррупсионии Фаластин Роид Муҳаммад Радван имзо намуданд.
Сулаймон Султонзода иброз намуд, ки Агентӣ ҳамеша ҷонибдори ба роҳ мондан ва таҳкими ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ дар муқовимат бо коррупсия буда, ба имзо расонидани ёддошти мазкур заминаи мусоид барои рушди ҳамкории минбаъда бо Давлати Фаластин мебошад.
Мавриди зикр аст, ки ҳадафи имзои ёддошти тафоҳум муайян намудани самтҳои ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи муқовимат ба коррупсия буда, барои андӯхтани тарҷибаҳои илмӣ-амалӣ дар ин самт равона гардидааст.
Ҳайати Фаластин ҳамзамон бо дастовардҳои Агентӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла дастовардҳои илмӣ-амалӣ, китобхона, толорҳои баргузории ҷаласаҳои васеъ ва шароити фаъолияти кормандони Агентӣ шинос гардид.