Дар Душанбе таҳти унвони “Сафои хонадон” озмун доир мешавад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аввали моҳи сентябр дар пойтахт озмуни шаҳрии «Сафои хонадон» баргузор мегардад. Озмуни мазкур ҷиҳати муайян намудани беҳтарин оила вобаста ба тарбия ва маърифати экологӣ байни сокинони пойтахт гузаронида мешавад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Тавре Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи ҳукумати шаҳри Душанбе Зарина Зуҳурова иброз дошт, ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур тарбияи экологии насли наврас, малакаи муносибати эҳтиёткорона ба манзил, дарки муносибати байни рафтори ҳаррӯзаи инсон ва муҳити зист, сифати зиндагии оила, аз ҷумла саломатӣ ва некуаҳволии аъзои он ва одамони дигар, корҳои маърифатӣ байни кӯдакон ва падарону модарони онҳо буда, маърифати экологии оилаҳоро инкишоф медиҳад.
Озмун дар ду давра — ноҳиявӣ ва шаҳрӣ баргузор гардида, дар арафаи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷамъбаст мешавад.
Дар он барои муайян намудани беҳтарин оила — вазъи кунунии манзилҳои истиқоматӣ, ҳолати биноҳои гирду атроф, кабудизоркунии назди биноҳои истиқоматӣ, нигоҳ доштани ҳолати тозагии манзилҳои истиқоматӣ, робитаи оилаҳо бо муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои тиббии маҳаллаҳо ва муассисаҳои фарҳангии дар шаҳраку маҳаллаҳои истиқоматӣ ҷойдошта ба назар гирифта мешаванд.
Оилаҳое, ки дар асоси холҳои бадастоварда натиҷаи баландтаринро ноил мегарданд, ғолиби озмун дониста мешаванд.