Боздиди комиссияи шаҳрӣ аз  Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур

Дирӯз аз ҷониби Комиссияи шаҳрӣ дар ҳайати муовинони Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Фирдавс Ҳамро ва Раҳимзода Толиб Карим бо иштироки Раиси ноҳияи Шоҳмансур  омодагии  Раёсати истифодабарии ноҳияи Шоҳмансур-и шаҳри Душанбе ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 мавриди санҷишу азназаргузаронӣ қарор дода шуд.
       Зимни боздиди аъзои комиссия аз  Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур маълум гардид, ки роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода дар сатҳи зарури қарор дошта, техникаю механизмҳои зарури тибқи талаботи ҷойдошта пурра дар ҳолати омодабош қарор доранд, инчунин маводҳои зарури аз қабили намаки техникӣ, маводи сузишворӣ, равғанҳои молиданӣ, асбобҳои кории кормандон, либосҳои махсус барои кормандон ва ғайраҳо ба миқдори зарури захира гардида, шароити хуби корӣ барои кормандон муҳайё гардида аст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE