Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Абумансури Мотуридӣ — асосгузори каломи ақлгароӣ ва таҳаммулпазирӣ»

Имрӯз дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Абумансури Мотуридӣ — асосгузори каломи ақлгароӣ ва таҳаммулпазирӣ» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Раиси Кумитаи дин ва танзими анъана ва ҷашну маросим, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ, Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, инчунин гурӯҳи васеи олимону донишмандон иштирок ва суханронӣ карданд.

Ҳамзамон дар кори конфронс намояндагон аз кишварҳои Арабистони Саудӣ, Туркия, Эрон ва Ӯзбекистон ширкат варзида, андеша ва таҷрибаи худро дар мавриди ҷойгоҳи Абумансури Мотуридӣ дар рушди ақлгароӣ ва таҳаммулпазирии мазҳабӣ баён доштанд.

Мақсади аслӣ аз баргузории ин конфронс арҷгузорӣ ба мероси илмии Абумансури Мотуридӣ ва таҳкими арзишҳои таҳаммулпазириву ҳамзистии мазҳабӣ дар ҷомеаи муосир арзёбӣ мегардад.

Шукрона Насриддинзода

 Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE