Дар шаҳри Парҷакент санҷиши ҳолати омодагӣ ва машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ ҷамъбаст шуд
Аз 24 то 26 август дар шаҳри Панҷакент таҳти унвони «Амали ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ бо ҷалби зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода» санҷиши ҳолати омодагӣ ва машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ баргузор гардад.
Тавре дар маркази матбуоти Раиси шаҳри Панҷакент ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар маросими ҷамъбастии машқҳо Раиси шаҳр, раиси комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, сардори Сарраёсати мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Вализода, дигар кормандони масъули раёсати вилоятии Кумита, сардорони хадамоти мудофиаи граждании шаҳр, ҷамоатҳои деҳот, комиссия ва хадамоти мудофиаи гражданӣ ва дигар сохторҳои марбута иштирок намуданд.
Абдухолиқ Холиқзода моҳият ва зарурати баргузории ин машқро ба ҳозирин шарҳ дода, таҷрибаи бартараф намудани оқибатҳои офати табииро, ки соли гузашта дар деҳаи Киштӯдаки Ҷамоати деҳоти Ёрӣ боиси хисороти ҷонӣ ва молии зиёд гашта буд, ёдрас шуд.
Гуфта шуд, ки ташкилу баргузории машқҳои мазкур имконият фароҳам меорад, ки дар ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ барои пешгирӣ ва рафъи бояд ҳамеша омода бошанд.