Мирзонабот Алишер аз маҳалли офати табии ба амаломада дар Рӯшони ВМКБ дидан намуд

Ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшон, субҳи имрӯз Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ аз ин мавзеъ дидан намуд.
Дар ин сафар Раиси вилоятро раиси ноҳияи Рӯшон, сардорони раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, идораи роҳҳои автомобилгарди вилоят, ширкати барқии “Помирэнерҷи”, шуъбаи беҳдошти замин ва обёрии вилоят ҳамроҳӣ намуданд.
Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ роҳбарони идораҳои масъулро вазифадор намуданд, ки техникаи лозимаро ба мавзеи офати табиӣ интиқол дода, корро ба таври доимӣ ба роҳ монанд. Зикр шуд, аллакай як қисмати корҳо ба анҷом расида, дар ҷодаҳои дигар ҷарёни кор вусъат дода мешавад.
Роҳбарони сохторҳои масъул муваззаф шудаанд, ки ҷиҳати тоза кардани заҳбуру заҳкаш, канали обгузари деҳа, минбаъд эмин нигоҳ доштани манзилҳои истиқоматӣ аз сел корбарӣ намоянд.
Раиси вилоят ҳамчунин аз хонаҳои зарардида боздид намуда, бобати кумак ва дастгирии ин хоҷагиҳо ба шахсони мутасаддӣ супоришҳои иловагӣ доданд.

Сомонаи Мақомомти

иҷроияи ҳокимияти

давлатии ВМКБ

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE