Таҷлили “Рӯзи китоб” ба ифтихори 31-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Китобхонаи милли Тоҷикистон

Имрӯз дар  Муассисаи Давлатии Китобхонаи милли Тоҷикистон ба ифтихори ” Рӯзи китоб” ва “ 31-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Точикистон” чорабинии идона зери унвони “ Китобу Истиқлол- ду боли як иқбол” ҳамоиши фарҳангӣ доир гардид. Ҳамкорамон Тоҷиддин Сатторзода аз ин ҳамоиш дидан карда таасуроти хешро инҷо нигоштааст.

Маврид ба ёдоварист, ки санаи чоруми сентябри соли 2007-ум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хишти аввали Китобхонаи мллии Тоҷикистонро гузоштанд ва бо иқдоми Пешвои миллат, хамасола ин сана дар чумхурӣ “Рӯзи китоб” ҷашн гирифта мешавад. Дар расми ифтитоҳи ин ҳамоиши зери унвони “ Китобу Истиқлол- ду боли як иқбол” намояндагон аз Вазоратҳои маорифу фарханг, китобдорон, усдодону донишҷӯёни макотиби оллӣ ва дустдорони каломи бадеъ иштирок намуданд. Ҷумахон Файзализода дирктори Китобхонаи милии Тоҷикистон дар расми ифтитоҳи ин чорабинӣ ҳозиринро ба “ Рӯзи китоб” муборакбод намуда, оид ба қадру манзалати китоб дар ҷомеа ва аҳмияти он барои рушди маънавии инсон ёдовар гардид.

Дар ҳамоиши” Рӯзи китоб” дигар нотиқон ба сухан баромада изҳор доштанд, ки дар ҳама давраи таърихӣ “ Китоб”  ҳамнафас, ҳамгом ва ҳамсадои миллати тоҷик буда  ва миллати мо китобро ҳифз карда, дар паноҳи ҳамдигар  то ба имрӯз расидаанд. Раҳмонали Шераллизода-  сардори Раёсати табъунашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бар он назар аст, ки  имрӯз вазифаи аҳли зиёву китобдорон аст, ки тарғиби китоб ва нақши онро миёни  мардум бештар намуда, дар баробари баланд бардоштани фарҳанги ҷомеа, таърихи миллати куҳанбунёди точиконро ба ҷаҳониён муарифӣ намоянд.

Дар доираи ин ҳамоиш бо ибтикори нашриёти “ Андиб”-и Вазорати фарханги кишвар дар саҳни Китобхонаи милли Тоҷикистон намоиш- фуруши китобҳо ташкил карда шуд, ки аз он садҳо нафар дидан ва ба худ адабиёти дӯстоштаашонро харидорӣ намуданд. Ҷалолиддин Нӯрзода- муовини диретори Китобхонаи милли Тоҷикистон мегуяд  ин ҳамоиш бо ибтикори Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии китобхонаи мазкур ташкил карда шуда, он бори дигар дар тафакури насли наврас ва ҷавон ҳисси ватандорӣ, арзишҳои миллӣ  ва хондани китобро боло хоҳад бардошт.

Дар ҳамоиши фарҳангии  зери унвони “ Китобу Истиқлол- ду боли як иқбол”, ки ба “Рӯзи китоб” бахшида шуда буд, бештар қишри ҷавон аз ҷумла донишҷуёну наврасон ҷамъ омада, ба худ ғиззои маънавӣ гирифтанд. Пас аз маърӯзаҳои масъулину қироати шуъру лаваҳҳо аз ҷониби хонандагон, дар охир  аз тарафи Раёсати Китобхонаи Милли собикадорони соҳа, китобдорони фаъол бо диплому ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Тоҷиддин Сатторзода

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE