Сафири Тоҷикистон дар мулоқоти сафирони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Вазири корҳои хориҷии Русия иштирок намуд
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар мулоқоти сафирони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.
Зимни мулоқот дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби иттиҳодияҳои ҳамгироӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, иштироккунандагон масоили ҳамкорӣ дар қолаби «Осиёи Марказӣ-Русия» ва татбиқи натиҷаҳои саммити нахустини онро, ки 14 октябри соли 2022 дар шаҳри Остона баргузор шуда буд, баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор доир шуд.