Дар Душанбе ҷаласаи ҳабдаҳуми Шурои вазирони адлияи мамлакатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳабдаҳуми Шурои вазирони адлияи мамлакатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
Тавре дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳошияи ҷаласа имрӯз ҷаласаи коршиносон оид ба омода сохтани маводи ҷаласаи ҳабдаҳуми Шурои вазирони адлияи давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд.
Ҷаласаи ҳабдаҳуми Шурои вазирони адлияи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати раиси Шурои вазирони мамлакатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар он роҳбарони мақомоти адлияи Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Русия ва Узбекистон иштирок менамоянд.