Масъалаи идомаи таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Россия мавриди баррасии доимӣ қарор дорад

Масъалаи идомаи таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Федератсияи Россия бо мақомоти марбутаи он кишвар мавриди баррасии доимӣ қарор дорад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҷавоб ба ёддошти Вазорати корҳои хориҷӣ аз 27 октябри 2020 дар бораи танзими сафари донишҷӯён ба Россия, Сафорати Россия дар Душанбе зикр намуд, ки вуруди донишҷӯёни хориҷӣ ба ин кишвар пас аз қабули қарори умумӣ дар бораи иҷозати вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Россия бо дарназардошти вазъи беҳдоштию эпидемиологӣ дар шароити ҳамагирии коронавируси нав имконпазир хоҳад шуд.

Ҳамчунин дар ёддошти ҷавобӣ таъкид шудааст, ки барои донишҷӯёни хориҷие, ки ҳоло берун аз Россия қарор доранд, барномаҳои таълимӣ дар шакли маҷозӣ (фосилавӣ) татбиқ шуда истодаанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE