Дар Сингапур имконияти ҳамкории дуҷониба бо Тоҷикистон баррасӣ шуд
Имрӯз ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо вазири аршади давлатӣ оид ба корҳои хориҷӣ ва рушди миллии Сингапур хонум Сим Энн мулоқот анҷом дод, ки зимни он ҷонибҳо имконияти ҳамкории дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Зимни мулоқот масоили имконияти ҳамкории дуҷониба ва сармоягузорӣ дар соҳаҳои иқтисоди «сабз», неруи «сабз», зеҳни сунъӣ, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, бонкдорӣ, инчунин ташкили даврҳои омӯзишӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла маъмурикунонии андоз, молия ва гумрук мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар вохӯрӣ Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Сарвазири Сингапур Лоуренс Вонг оид ба нияти рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва даъвати роҳбарияти Сингапур ба Тоҷикистон расонид.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон