Суди олии Федератсияи Русия Ҳизби наҳзати исломиро “террористӣ” эълон кард

14-уми сентябри соли 2022 Суди олии Федератсияи Русия бо даъвои  Прокуратураи генералии Федератсияи Русия  Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломро  ташкилоти террористїӣ эътироф намуд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан    Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Краснов хабар дода буд, ки Прокуратураи генералии Федератсияи Русия барои террористӣ эътироф намудани Ҳизби нањзати ислом  ба Суди Олии Федератсияи Русия  даъво пешниҳод кардааст.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки Суди Олии Тоҷикистон соли 2015 бо даъвои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломро террористию экстремистӣ эътироф намуда, фаъолияти онро дар қаламрави Тољикистон мамнуъ эълон карда буд. Илова бар ин, Њизби нањзати ислом  ба феҳристи ташкилоти террористии Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай  ворид  карда шудааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE