Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи гиромидошти хотираи Мираброр Усмонов дар Тошканд иштирок мекунад

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар мусобиқаи байналмилалӣ ба поси хотири собиқ президенти Ассотсиатсияи футболи Узбекистон Мираброр Усмонов ширкат мекунад. 

Дар мусобиқаи гиромидошти хотираи Усмонов, ки аз 22 то 27 август дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, дастаҳои наврасони Тоҷикистон, Узбекистон, Эрон ва Япония ширкат мекунанд. Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Бозиҳо дар варзишгоҳҳои «Ҷар», «Локомотив» ва «Пахтакор» сурат мегиранд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE