Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад

4 октябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявии «Забон ва Истиқлол» баргузор мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамоиш бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳот баргузор гардида, дар он забоншиносон ва муҳаққиқони соҳа вобаста ба нақши забон мубодилаи афкор мекунанд.

Дар ҳамоиш мавзуъҳои саҳми Пешвои миллат дар таҳкиму тақвияти забони тоҷикӣ дар мамлакат ва арсаи байналмилалӣ, нақши Истиқлоли давлатӣ дар масоили марбут ба рушду нигаҳдошти забони давлатӣ, аҳамияти забони давлатӣ дар ташаккули ҷомеа ва дигар мавзуъҳо муҳокима мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Он дурнамои рушди забонро дар асоси меъёрҳои муқарраргардида дар иртибот ба вазъи ҳуқуқӣ, аз ҷумла меъёрҳои истифодаи дигар забонҳо дар шароити кунунии муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии мамлакат танзим ва муқаррар менамояд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE